Баррасии рушди низоми табодули маълумоти экологӣ дар ОМ

Дар доираи татбиқи лоиҳа таҳти унвони «Маъракаи мақсадноки боло бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ барои беҳтар намудани ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (AWARE, ки) аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дар Душанбе оид ба мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар хусуси Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ» семинари миллӣ доир гардид. Тавре аз намояндагии […]


Дар доираи татбиқи лоиҳа таҳти унвони «Маъракаи мақсадноки боло бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ барои беҳтар намудани ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (AWARE, ки) аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дар Душанбе оид ба мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар хусуси Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ» семинари миллӣ доир гардид.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, дар семинари мазкур бо мақсади муҳокимаи имкониятҳои татбиқ намудани Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ (СММЭ) дар Осиёи Марказӣ мутахассисони вазорату идораҳои масъул ба ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти экологӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ, ва инчунин мутахассисон аз давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Лоиҳаи AWARE муаррифиномаи махсусро оиди мақсад ва вазифаҳои лоиҳа дар Осиёи Марказӣ ва нақшаи иҷрокунии ӯ дар Тоҷикистон таҳия намуд. Иштирокчиён амалияи барпошуда барои мусоидати Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ дар минтақаи умумиаврупоӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқаш дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Семинар ба намояндагони Ӯзбекистон, Қирғизстон, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои баён кардани таҷрибаи худ дар соҳаи чамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти экологӣ имконият фароҳам овард..

Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳоли барои ду сол (2012 – 2014) ба нақша гирифта шуда дар панҷ давлати Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизстон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад. Лоиҳа бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои боло бардоштани сатҳи огоҳӣ дар хусуси обҳои истеъмолшуда ва аз нав истифодашуда, ки камбудиҳоро дар идоракунии захираҳои обӣ мавриди мулоҳиза қарор медиҳанд, татбиқ карда мешавад.

Лоиҳа ҳамчун бо мақсади фароҳам сохтани имконияти ҳамкории ИА – ОМ оид ба масъалаҳои идоракунии фаъолияти ҳифзи муҳити зист тариқи мусоидати амалияи барпошуда монанди Сохтори мубодилаи маълумоти экологӣ ва инчунин бо мақсади фаъолкунонии иштироки соҳаи хусусӣ дар масоили истеъмолкунӣ ва истеҳсолоти устувори маҳсулоти озуқаворӣ ва босамарии истеъмолкунии нерӯ ҳамчун даромадгоҳ ба мушорикати давлатию хусусӣ татбиқ карда мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".