Дидору гуфтушуниди дипломати тоҷик бо конгрессмени ИМА

Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо раиси зеркумитаи Конгресси ШМА оид ба умури Аврупо ва Авроосиё Дан Буртон мулоқот анҷом дод. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот сафир ба ҳамсӯҳбаташ роҷеъ ба роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, низомию амниятӣ ва байнипарлумонӣ ибрози назар […]


Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо раиси зеркумитаи Конгресси ШМА оид ба умури Аврупо ва Авроосиё Дан Буртон мулоқот анҷом дод.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот сафир ба ҳамсӯҳбаташ роҷеъ ба роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, низомию амниятӣ ва байнипарлумонӣ ибрози назар намуд.

Зимни мулоқот сафир зарурати таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои дуҷонибаро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ намудан аз супоридани андоз аз даромад ва дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо матраҳ кард.

Дан Буртон аз пазироии самимӣ зимни сафари кориаш ба Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, изҳори сипос карда, қайд намуд, ки омода аст аз Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дуҷонибаи гуногунпаҳлӯ ва мутақобилан судманд дубора боздид намояд. Ӯ Тоҷикистонро «кишвари муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки муколамаи созандаро ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи гуногунсоҳа ва мутақобилан судманд идома диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".