Истихроҷи 10 млн. метри мукааб гази табиӣ дар зарфи 9 моҳ

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба миқдори ҳудуди 10 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуд, ки беш аз 65%-и он ба КВД «Нафтугаз ва ангишт» рост меояд. Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тайи моҳҳои январ-сентябри соли равон ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар наздики 6,7 млн. метри […]


Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба миқдори ҳудуди 10 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуд, ки беш аз 65%-и он ба КВД «Нафтугаз ва ангишт» рост меояд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тайи моҳҳои январ-сентябри соли равон ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар наздики 6,7 млн. метри мукааб гази табиии ватанӣ интиқол дода шудааст.

Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми интиқоли гази ҶСК «Тоҷиктрансгаз» 960 ҳазор, корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» – 448 ҳазор, ҶСК «Кӯлобгаз» – 2,4 млн. ва корхонаи «Румигаз» – 873 ҳазор метри мукаабаро ташкил додаанд. Дар навбати худ, истеъмолгарон танҳо 73%-и маблағи истифодаи газро пардохт намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, бо гази табиии ватанӣ аҳолӣ ва корхонҳои саноатии шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин қисман шаҳру навоҳии Душанбеву Румӣ, Сарбанд, Исфара ва Конибодом таъмин мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки эҳтиёҷоти асосии ҷумҳурӣ ба гази табииро кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон қонеъ мекунад. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар ҷумҳурӣ Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ва дар ҳаҷми начандон зиёд аҳолӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".