Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар Пирмадбойи Мамадалиро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст) гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 соли зиндони низомаи умумӣ маҳкум кард.
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа нахуст нисбат ба Пирмадбойи Мамадалӣ мутобиқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд. Сарбозро бар барқасдона куштани ҳамхизмати худ Холҷигитов айбдор карда буданд.
Пирмадбой Мамадалӣ, хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар шаби 5-уми июл дар посбонӣ қарор доштааст. Ҳангоми дар посгоҳ будан ҳаракати касеро ба сӯйи худ мушоҳида карда, ба ӯ огоҳӣ додааст, вале чун шахси ҳаракатдошта ба огоҳӣ итоат накардааст, сипас сӯйи вай тир кушодааст. Аз тири кушодаи ӯ ҳамхизматаш Холҷигитов ярадор шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Судяи суди гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов зимни қироати ҳукм изҳор кард, ки моддаи пешниҳодшудаи куштор, ки мутобиқи он ба айбдоршаванда 10 соли зиндон таҳдид мекард, ба моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ иваз карда шуда, чунин ҳукм содир гардид. Пас аз эълони ҳукм ҳимоятгари сарбоз Ғулом Бобоев изҳор кард, ки аз ҳукм қаноатманд буда, аз болои он шикоят бурданӣ нест.
Қобили зикр аст, ки Пимадбойи Мамадалӣ моҳи апрели соли 2011 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Шӯрообод ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтааст.





