АНМН: Мусодираи миқдори зиёди героину ҳашиш дар Суғд

Дар ноҳияи Спитамен як шаҳрванди 20-солаи кишвар бо 4 кило героин ва 10 кило ҳашиш, ки барои интиқоли минбаъда ба кишварҳои ИДМ омода шуда буд, боздошт гардид. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ хабар доданд, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони агентии мазкур барои дастгир намудани қочоқчии мухаддирот баъд аз зӯҳри рӯзи 11 октябр баргузор […]


Дар ноҳияи Спитамен як шаҳрванди 20-солаи кишвар бо 4 кило героин ва 10 кило ҳашиш, ки барои интиқоли минбаъда ба кишварҳои ИДМ омода шуда буд, боздошт гардид.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ хабар доданд, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони агентии мазкур барои дастгир намудани қочоқчии мухаддирот баъд аз зӯҳри рӯзи 11 октябр баргузор шуд ва кормандони фаврӣ аз хонаи истиқоматии ӯ як адад бастаи беранги скочпеч, ки дар дохили он маводи сабзу сияҳчатоб бо бӯи махсус ва як дона сумкаи полиэтилении варзишӣ, ки андаруни он 9 бастаи дорои маводи растанинасаб ва 3 бастаи дигари селофанӣ бо маводи хокамонанди дорои бӯи махсус ошкор ва мусодира намуданд. 

«Лаборатория ташхиси судӣ муайян намуд, ки маводи гирифташуда героин дар ҳаҷми 4 кило ва ҳашиш дар ҳаҷми 10 кило будааст, – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ баъдтар маълум шудааст, ки ин ҳоло аввали кор аст. «Дар натиҷаи баргузории чорабинии дигар шарики гумонбар, шаҳрванди 22-солаи ҳамин ноҳия низ боздошт гардид», – гуфт манбаъ. – Боздоштшудагон шахсони муваққатан бекор буда, доғи судӣ надоранд».

Зикр гардид, ки шӯъбаи тафтишотии Агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парванлдаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва ҳоло барои муайяну мушаххас кардани шарикони дигари гумонбарон ба интиқол ва нигаҳдории маводи мухаддир чораҳо андешида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.