Хатлон: Ҳукми 3 соли зиндон ба сарбози гунаҳкор ба ҳалокати ҳамхизмат

Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар Пирмадбойи Мамадалиро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайронкунии қоидаҳои муносибат  бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст) гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар Пирмадбойи Мамадалиро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайронкунии қоидаҳои муносибат  бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст) гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 соли зиндони низомаи умумӣ маҳкум кард.

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа нахуст нисбат ба Пирмадбойи Мамадалӣ мутобиқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд. Сарбозро бар барқасдона куштани ҳамхизмати худ Холҷигитов айбдор карда буданд.

Пирмадбой Мамадалӣ, хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар шаби 5-уми июл дар посбонӣ қарор доштааст. Ҳангоми дар посгоҳ будан ҳаракати касеро ба сӯйи худ мушоҳида карда, ба ӯ огоҳӣ додааст, вале чун шахси ҳаракатдошта ба огоҳӣ итоат накардааст, сипас сӯйи вай тир кушодааст. Аз тири кушодаи ӯ ҳамхизматаш Холҷигитов ярадор шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Судяи суди гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов зимни қироати ҳукм изҳор кард, ки моддаи пешниҳодшудаи куштор, ки мутобиқи он ба айбдоршаванда 10 соли зиндон таҳдид мекард,  ба моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ иваз карда шуда, чунин ҳукм содир гардид. Пас аз эълони ҳукм ҳимоятгари сарбоз Ғулом Бобоев изҳор кард, ки аз ҳукм қаноатманд буда, аз болои он шикоят бурданӣ нест.

Қобили зикр аст, ки Пимадбойи Мамадалӣ моҳи апрели соли 2011 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Шӯрообод ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?