Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши зиёиёни кишварҳои узви ИДМ

Ҳайати Тоҷикистон дар кори Ҳамоиши ҳафтуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 14-15-уми октябр дар пойтахти Туркманистон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робитаҳои ҷамъиятии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ хабар доданд, ҳайати иборат аз 14 нафараи Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳайати Тоҷикистон дар кори Ҳамоиши ҳафтуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 14-15-уми октябр дар пойтахти Туркманистон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робитаҳои ҷамъиятии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ хабар доданд, ҳайати иборат аз 14 нафараи Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов сарварӣ мекунад.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ созмон дода мешавад. Дар он аз иштироки беш аз 300 нафар арбобони фарҳангу ҳунар ва доираҳои илмии тамоми кишварҳои узви ИДМ, Гурҷистон ва давлатҳои назди Балтик интизорӣ меравад.

Ба гуфтаи директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, Армен Смбатян, дар ҷараёни кори ҳамоиш барои иштирокчиёни он ҷиҳати баррасии масоили нигоҳдорӣ ва рушди имконоти гуманитарӣ, гуногуншаклии фарҳанги миллӣ ва мероси моддиву маънавӣ дар замони муосир шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.