Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи далели марги Икромзода

Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯйи далели марги маҳкумшуда Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, айни замон мақомоти тафтишот сабаб ва ҳолатҳои марги  маҳкумшударо мавриди таҳқиқ қарор дода, онҳо дар бораи шиносоӣ бо […]


Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯйи далели марги маҳкумшуда Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, айни замон мақомоти тафтишот сабаб ва ҳолатҳои марги  маҳкумшударо мавриди таҳқиқ қарор дода, онҳо дар бораи шиносоӣ бо хулосаи ташхиси судиву тиббӣ дархост кардаанд ва ояндаи наздик онро дастрас хоҳанд кард.

Холматова мегӯяд, ният дорад, ба он муваффақ гардад, ки парвандаи ҷиноӣ на мутобиқи моддаи «Хунукназарӣ», балки нисбат ба шахсони мансабдор тибқи моддаи 143, дараҷ. 1 («Шиканҷа») боз гардад, зеро дар ҷисми ҳалокшуда осори шиканҷаву лату кӯб аён буданд.

Ба қавли ҳимоятгар, айни замон фарзияе рӯйи кор оврда мешавад, ки гӯё Ҳ.Икромзодаро маҳкумшудагони дигар азобу уқубат додаанд, вале ӯ ба ин фарзия комилан зид аст, чунки дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳкумшудагон ба истифодаи дарзмол ва дигар асбобҳои барқӣ ҳуқуқ надоранд.

Хешовандони маҳкушудаи фавтида низ бар ин назаранд, ки нисбат ба Ҳамза Икромзода аз «шиканҷаи бераҳмона» кор гирифта шуда, дар бадани ӯ ба таври возеҳ осори шиканҷаву лату кӯб аён буданд.

Наздикони маҳкумшуда мегӯянд, кормандони муассисаи ислоҳӣ мудом аз Ҳ.Икромзода ва хешовандонӣ ӯ маблағи пулӣ тамаъ мекардаанд, вале бори охир бинобар пардохт нагардидани маблағи пули талабнамудаи онҳо, Ҳ.Икромзода мавриди шиканҷаву лату кӯб қарор гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.