Раиси ВМКБ: Дар вилоят амну субот ҳукмфармост

Чанде қабл дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иброз дошт, ки феълан вазъ дар вилоят ором буда, мардум ба кору бори ҳамарӯзаи рӯзгор машғуланд ва ба амнияти вилоят чизе таҳдид намекунад. Ба қавли ӯ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи воҳидҳои зертобеи худ натиҷагирӣ намуданд. «Прокурори генералӣ […]


Чанде қабл дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иброз дошт, ки феълан вазъ дар вилоят ором буда, мардум ба кору бори ҳамарӯзаи рӯзгор машғуланд ва ба амнияти вилоят чизе таҳдид намекунад.

Ба қавли ӯ,

роҳбарони сохторҳои қудратӣ

аз фаъолияти нуҳмоҳаи воҳидҳои зертобеи худ натиҷагирӣ намуданд.

«Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода дар мақомоти прокуратураи вилоят машварат доир намуда, ба Душанбе раҳсипор шуд. Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев аз воҳидҳои тобеи вазорат боздид намуда, бо вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон шинос шуд ва ба пойтахт баргашт», – гуфт раиси вилоят.

Қодири Қосим зикр кард, ки вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов  низ дар Хоруғ қарор дошта, бо кормандони макомоти корҳои дохилии вилоят вохӯриҳо доир мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.