Наздикони маҳбуси фавтида дар ҳузури прокурори генералӣ

Ахири ҳафтаи сипаришуда прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода наздикони маҳбус Ҳамза Икромзодаи дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1 фавтидаро ба ҳузур пазируфта, ба прокурор Мирзо Аминов супориш дод, ки аз модари ӯ дар хусуси тамаъҷӯӣ аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ, ки минбаъд ба кирдори бераҳмона нисбати маҳбус боис гардид, баёнот гирад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ […]

Маҳпора Киромова


Ахири ҳафтаи сипаришуда прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода наздикони маҳбус Ҳамза Икромзодаи дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1 фавтидаро ба ҳузур пазируфта, ба прокурор Мирзо Аминов супориш дод, ки аз модари ӯ дар хусуси тамаъҷӯӣ аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ, ки минбаъд ба кирдори бераҳмона нисбати маҳбус боис гардид, баёнот гирад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» холаи марҳум Азиза Исоева изҳор кард, ки онҳоро худи прокурори генералӣ ба суҳбат даъват карда, изҳор доштааст, ки натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ аллакай омода буда, нисбат ба сардори муассисаи ислоҳӣ Рустам Тоштемиров, Абдуҳаким Тугаев, табиби зиндон, ки ба Ҳамза Ҳакимзода ёрии аввалини тиббиро расонида буд ва боз як корманди ин муассиса парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд, вале Салимзода онҳоро бо натиҷаҳои ташхис шинос накарда, сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро шарҳ надодааст.

«Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза ба прокурори генералӣ иброз дошт, ки ду нафар шоҳидони марги писараш – Шарафган аз Кӯлоб ва Рашид Шарифов аз Ҳисор, ки дар ин муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, чанде қабл фавтида, сабаби марги онҳо ҳам номаълум аст ва дар ин робита прокурор Аминов посух дод, ки онҳо дар беморхонаи зиндон бинобар сабаби бемориҳо фавтидаанд», – гуфт вай.

Қаблан ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холдматова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ҳимоятгар мегӯяд, ӯ талош хоҳад варзид, ки нисбати шахсони мансабдори гунаҳкор дар марги маҳбус мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Ба қавли ҳимоятгар, айни замон фарзияе пешниҳод мегардад, ки шояд Ҳ.Икромзодаро маҳбусони зиндон мавриди азобу шиканҷа қарор дода бошанд, вале ӯ қотеъона ин фарзияро рад месозад, зеро истифодаи дарзмолу дигар таҷҳизоти барқӣ дар муассиса ба маҳбусон манъ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.