Боз як куштори ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Дар шаҳри Маскав боз як ҷисми сарбуридаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Аҳтамшо Шарифов дарёфт шуд. Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон аввали моҳи октябр дар назди яке аз биноҳои якошёнаи техникӣ, дар гузаргоҳи Заревои пойтахти Русия дарёфт шудааст. Ба иттилои манбаъ, ба […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Маскав боз як ҷисми сарбуридаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Аҳтамшо Шарифов дарёфт шуд.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон аввали моҳи октябр дар назди яке аз биноҳои якошёнаи техникӣ, дар гузаргоҳи Заревои пойтахти Русия дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 28-солаи шаҳри Маскав Алексей Суворов боздошт гардида, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Маскав мунтазам бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро пайгирӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, ки сафорат ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкурро таҳти назорат қарор додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.