Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲИ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ), ки имрӯз дар Озарбойҷон шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад варзид. Сарвари давлат субҳи рӯзи якшанбе озими шаҳри Боку гардида, дар ин сафар ӯро мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ), ки имрӯз дар Озарбойҷон шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад варзид.

Сарвари давлат субҳи рӯзи якшанбе озими шаҳри Боку гардида, дар ин сафар ӯро мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Габала оғоз ёфт. Дар ин ҷо сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз маҷмааи саноатии корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти Jale ва осорхонаи Ҳайдар Алиев дидан кард.

Дар маҷмааи саноатии Jale Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи технологияи навтарини коркарди меваю сабзавот ва таҷрибаи соҳибкорони пешқадами хусусӣ аз наздик шинос шуда, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳои фоидабахш гуфтугӯи судманд анҷом дод.

Ин маҷмаа бо харҷи 50 миллион евро бунёд ёфтааст ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Дар ин ҷо асосан афшураи табиии меваю сабзавот омода ва бастубандӣ мешавад.

Дар коргоҳи дигари ин маҷмаа ба меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ технологияи навтарини нигаҳдории меваю сабзавот дар сардхонаҳо намоиш дода шуд. Чунонки зикр гардид, навъҳои гуногуни мева дар ҳарорати аз 0 то +5 дараҷа ба муҳлати то як сол беосеб нигаҳ дошта мешавад.

Дар Маркази Ҳайдар Алиев бошад, Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аксҳои собиқ президенти Озарбойҷон, пешвои умумиллии ин кишвар Ҳайдар Алиев боздид кард. Дар ин ҷо аксҳои ин шахсияти маъруфи таърихӣ аз овони кӯдакӣ то мактабхонию донишҷӯӣ ва фаъолияти ӯ дар идораҳои гуногуни собиқ давлати Шӯравӣ ва роҳбариаш дар Озарбойҷони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.