Ҳалокати донишҷӯдухтари аз тирезаи хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ афтода

Донишҷӯдухтари соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Шаҳнозаи Мансурҷон, ки аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтода буд, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, Шаҳнозаи Мансурҷон рӯзи 8-уми октябр бо ҷароҳатҳои вазнин ва дар ҳолати беҳушӣ […]


Донишҷӯдухтари соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Шаҳнозаи Мансурҷон, ки аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтода буд, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Шаҳнозаи Мансурҷон рӯзи 8-уми октябр бо ҷароҳатҳои вазнин ва дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии марказ оварда шуда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст мегардад ва сарфи назар аз баргузории тамоми корҳои зарурии эҳёгарии тиббӣ, рӯзи 12-уми октябр ба ҳалокат мерасад.

Қаблан сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 8-уми октябр рух дода, тибқи гуфтаҳои ҳамдарсон, ин замон онҳо онҷо ҳузур надоштаанд.

Бо такя ба гуфтаҳои ҳамдарсони донишҷӯдухтар, ки баҳри таҳсил аз ноҳияи Восеъ ба пойтахт омадааст, Ш.Аҳмедов изҳор карда буд, ки субҳ ӯ ҳамроҳи ҳама ба дарс раҳсипор гардида, сипас дафтарҳои фаромӯшшударо ба хотир меорад ва ба хобгоҳ бармегардад. «Ҳамдарсонаш ҳамчунин изҳор карданд, ки чанд рӯзи ахир духтар ба дарди зуком гирифтор буд ва шояд барои нафаси тоза гирифтан тирезаро кушода, сараш чарх задаст ва аз тиреза ба берун афтодааст», – гуфта буд ӯ.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст, иттилоъ доданд, ки айни замон тамоми ҷузъиёти ҳодисаи рухдода мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.