Ҳафтавори «Омӯзгор» 80-сола шуд

Дар донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони бахши маориф ба муносибати 80-солагии ҳафтавори соҳавии «Омӯзгор» маҷлиси пуршукӯҳ доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Омӯзгор» Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов аҳли кормандон ва собиқадорони ҳафтаворро табрик гуфта, супориш дод, ки теъдоди нашри ҳафтавор аз 25 то ба […]


Дар донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони бахши маориф ба муносибати 80-солагии ҳафтавори соҳавии «Омӯзгор» маҷлиси пуршукӯҳ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Омӯзгор» Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов аҳли кормандон ва собиқадорони ҳафтаворро табрик гуфта, супориш дод, ки теъдоди нашри ҳафтавор аз 25 то ба 50 ҳазор нусха расонида шавад.

Ба қавли вай, дар ин чорабинӣ шаш нафар кормандони ҳафтавор бо унвони Аълочии соҳаи маориф ва фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, омӯзгороне, ки дар фаъолияти ҳафтавор саҳми беандоза доранд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Омӯзгори факултаи журналистика, журналист Қироншоҳи Шарифзода зикр кард, ки имрӯз ҳафтавори «Омӯзгор» яке аз нашрияҳои писандидаи соҳавӣ ба шумор рафта, обуна ба ин нашрия бояд барои ҳар як омӯзгор муҳим бошад, вале обуна набояд ба таври ихтиёриву маҷбурӣ сурат гирад.

Қобили зикр аст, ки шумораи нахусти ҳафтавори «Омӯзгор» санаи 20-уми июли соли 1932 ба табъ расида, тӯли 80 соли фаъолият он якчанд маротиба тағйири ном кард. Ба андешаи аҳли қалами ҳафтавор, давраи солҳои 1959-1983 марҳилаи шукуфоии нашрия маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин давра сардабири ҳафтавор, журналисткаи маъруф Бӯринисо Бердиева рӯзноманигорони шинохтаи кишварро гирдиҳам оварда, мушкилоти рӯзмарраи ҳаётро воқеъбинона инъикос ва баҳри худогоҳии тоҷикон талош меварзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.