Анҷоми ҳудуди 80%-и корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»

Дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ширкати русиягии Gazprom International ҳудуди 80%-и корҳои пармакуниро ба итмом расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва санати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чоҳ ба санаи 1-уми октябри соли равон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри нақшавӣ 4 ҳазору 919 метраш парма карда шудааст. […]


Дар чоҳи нафту гази «Шаҳринав-1п»-и минтақаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ширкати русиягии Gazprom International ҳудуди 80%-и корҳои пармакуниро ба итмом расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва санати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин чоҳ ба санаи 1-уми октябри соли равон аз чуқурии 6 ҳазору 300 метри нақшавӣ 4 ҳазору 919 метраш парма карда шудааст.

Интизор меравад, ки корҳои сохтмону пармакунӣ дар ин чоҳ аввали нимсолаи соли оянда ба анҷом мерасанд. Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои парпмакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда буд.

Ба иттилои манбаъ, феълан дар қаламрави Тоҷикистон КМ «Сомон Ойл» (Тоҷикистону Швейтсария), Tethys Petroleum (Канада), КМ «Петролиум Суғд» (Тоҷикистону Австрия) ва ширкатҳои ватании ҶДММ «Салоса», ҶДММ «Азизӣ-1», Ҷдмм «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶДММ «Ҳалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурималик» ва ҶДММ «Абадӣ» низ ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи нафту газ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт – 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.