Раёсати Тоҷикистон дар Муҳовараи ҳамкории Осиё

Рӯзи 14-уми октябри соли равон дар пойтахти Давлати Кувайт – шаҳри Кувайт ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муҳовараи ҳамкории Осиё (Asia Cooperation Dialogue) доир гашт, ки он то 17-уми октябр идома ёфта, дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, […]

ASIA-Plus


Рӯзи 14-уми октябри соли равон дар пойтахти Давлати Кувайт – шаҳри Кувайт ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муҳовараи ҳамкории Осиё (Asia Cooperation Dialogue) доир гашт, ки он то 17-уми октябр идома ёфта, дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур бо суханронии муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Кувайт Шайх Сабоҳ ал₋Холид ас₋Сабоҳ оғоз гардида, сипас ҳамоҳангсози кулли Муҳовараи ҳамкории Осиё – вазири корҳои хориҷии Таиланд Сурапонг Товичакчайкул ва ҳамраиси Муҳовара вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ суханронӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон раёсати Муҳовараи ҳамкории Осиё аз Кувайт ба Тоҷикистон мегузарад. Муҳовараи ҳамкории Осиё соли 2002 таъсис ёфтааст ва то имрӯз ба он 32 кишвари минтақа шомил шудаанд.

Саммити аввалин Муҳовара аз ҷониби Давлати Кувайт даъват шудааст ва аз 15 то 17 октябри 2012 дар шаҳри Кувайт доир мегардад. Дар ҷараёни он чорабинии сатҳи баланд дастовардҳои анҷумани мазкур тайи даҳ соли ахир, самту равиши ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзои Муҳовара, масъалаҳои таъсис додани котиботу механизмҳои кории он муҳокима мешаванд. Инчунин роҳбарони кишварҳои аъзои Муҳовара дар мавриди роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба амнияти озуқаворӣ, дастрасии энергия, маориф, муколамаи байнифарҳангӣ, ҳамгироии иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи молия, коммуникатсия ва дигар мубодилаи афкор анҷом хоҳанд дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.