Искандари Фирӯз дар ҳолати беҳушӣ боқӣ мемонад


Рӯзноманигори бахши форси хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз то ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дошта, вазъи ӯ «хеле вазнин» арзёбӣ мегардад.

Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» муовини мудири шуъбаи анестезия ва эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) Хайрулло Шарифов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки поиҳо ӯ аз се ҷояш шикаста, ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. «Феълан мо бо табибон машварат баргузор намуда, ба хулосае расидем, ки барои ӯ як давраи муолиҷаи эҳёгариро доир намоем. Баҳри наҷоти ӯ мо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода дорем», – гуфт ӯ, ки ҳамзамон табибаи муолиҷакунандаи журналист мебошад.

Дар робита ба вазъи писари журналист – Ҷавоншери Фирӯзи 22-сола табиб изҳор кард, ки ӯ дар бинои 4-уми Маркази миллии тиббӣ қарор дошта, ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад.

spot_imgspot_img

Популярное