Ҳузури нозирони тоҷик дар маъракаи интихоботи Радаи Олии Украина

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон ба сифати гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина, ки санаи 28-уми октябр баргузор мегардад, ширкат хоҳанд варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР-и ҷумҳурӣ хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирон аз кишварҳои узви ИДМ дар интихоботи парлумони Украина узви КМИР […]


Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон ба сифати гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина, ки санаи 28-уми октябр баргузор мегардад, ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР-и ҷумҳурӣ хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирон аз кишварҳои узви ИДМ дар интихоботи парлумони Украина узви КМИР Ҷамшед Ҷамшедов ва сармутахассиси КМИР Тоҷикистон Хуршед Раҳматов шомил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки 225 нафар вакили Радаи Олии Украина аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ ва нисфи дигари боқимонда дар ҳавзаҳои бузург (мажоритарӣ) интихоб мешаванд. Имтиёзи ба парлумон гузаштан барои ҳизбҳо 5%-ро ташкил медиҳад.

Натоиҷи таҳқиқоти ахир гувоҳи онанд, ки имконоти Ҳизби ҳокими минтақаҳои Украина ва нерӯҳои мухолиф дар ин интихобот қариб баробаранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".