Искандари Фирӯз дар ҳолати беҳушӣ боқӣ мемонад

Рӯзноманигори бахши форси хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз то ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дошта, вазъи ӯ «хеле вазнин» арзёбӣ мегардад. Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» муовини мудири шуъбаи анестезия ва эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) Хайрулло Шарифов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки поиҳо ӯ аз се ҷояш шикаста, ҷигараш кафида […]


Рӯзноманигори бахши форси хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз то ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дошта, вазъи ӯ «хеле вазнин» арзёбӣ мегардад.

Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» муовини мудири шуъбаи анестезия ва эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) Хайрулло Шарифов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки поиҳо ӯ аз се ҷояш шикаста, ҷигараш кафида ва сараш шадидан зарб хӯрдааст. «Феълан мо бо табибон машварат баргузор намуда, ба хулосае расидем, ки барои ӯ як давраи муолиҷаи эҳёгариро доир намоем. Баҳри наҷоти ӯ мо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода дорем», – гуфт ӯ, ки ҳамзамон табибаи муолиҷакунандаи журналист мебошад.

Дар робита ба вазъи писари журналист – Ҷавоншери Фирӯзи 22-сола табиб изҳор кард, ки ӯ дар бинои 4-уми Маркази миллии тиббӣ қарор дошта, ба ҳаёти ӯ чизе таҳдид намекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.