Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли равон ба андозаи 60 млн. $ афзуда, ба санаи 1-уми октябри соли равон 2 млрд. 130,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин миқдор қарзи хориҷӣ аз ҳаҷми муқарраршудаи ниҳоӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи 40% зиёд набуда, феълан ба 29,7-и ММД баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, сар аз соли равон барои хизматгузории қарзи хориҷӣ 83 млн. $ маблағ равона гардидааст, ки 23,7 млн. доллари ИМА-и он ба пардохти фоизҳо рост меояд.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон то ҳанӯз Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарз 862 млн. $ ба ин кишвар рост меояд. Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо моҳи июли соли ҷорӣ қарзи Тоҷикистон дар назди Чин ба миқдори 16 млн. дллари ИМА коҳиш ёфт.
Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 124 млн. $ ва ахири соли 2010 – 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.
Ба таркиби қарзи хориҷии кишвар натанҳо қарзҳои бевоситаи давлат дохил мешаванд, балки қисмати назарраси онро қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидории кишвар низ ташкил медиҳанд, ки қарзҳоро таҳти кафолати давлатӣ ҷалб кардаанд.


