Тахриби яке аз биноҳои қадимтарини шаҳри Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон тахриби яке аз биноҳои қадимтарини шаҳри Душанбе, ки муддати 64 соли ахир дар он мактаби таҳсилоти умумии №8 амал мекард, оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷойи он мактаби муосири замонавӣ бунёд гардида, айни замон омӯзгорону толибилмони мактаби мазкур ба бинои мактаби рақами 70-и ноҳияи […]


Дар пойтахти Тоҷикистон тахриби яке аз биноҳои қадимтарини шаҳри Душанбе, ки муддати 64 соли ахир дар он мактаби таҳсилоти умумии №8 амал мекард, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷойи он мактаби муосири замонавӣ бунёд гардида, айни замон омӯзгорону толибилмони мактаби мазкур ба бинои мактаби рақами 70-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кӯчонида шудаанд.

Сардори шуъбаи нозироти техникӣ оид ба иншооти соҳаи маорифи Раёсати сохтмони асосии ш.Душанбе Шарифхон Сафаров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки бинои нави мактаб охири соли 2013  ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои нави мактаб барои таҳсили 1354 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст.

«Аз рӯйи лоиҳа мактаб аз 6 қисмат – як бинои 3-ошёна ва панҷ бинои 4-ошёна иборат аст, ки дорои 64 синф хоҳад буд. Биноҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Ба гунаи мисол,дар 7 синфи компютерӣ 102 компютер насб хоҳад шуд», – иброз дошт вай.

Ш.Самиев ҳамчунин гуфт, дар бинои нави мактаб ду толори варзиш, ошхона бо 190 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои320 нафар ва ҳавзи шиноварӣ (26х11 метр) бунёд хоҳад шуд. «Майдони варзишии мавҷудаи мактаб ба тарзи замонавӣ таҷдид хоҳад гардид», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки бинои пешинаи мактаб солҳои 30-юми қарни гузашта сохта шуда буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бинои мактаб госпитали ҳарбӣ амал мекард. Соли 1948 дар ин бино мактаби таҳсилоти умумӣ ҷойгир шуда, замони шӯравӣ он яке аз мактабҳои бонуфузи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.