Аз оғози сол қарзи хориҷии Тоҷикистон 60 млн. $ афзуд

Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли равон ба андозаи 60 млн. $ афзуда, ба санаи 1-уми октябри соли равон 2 млрд. 130,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин миқдор қарзи хориҷӣ аз ҳаҷми муқарраршудаи ниҳоӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи 40% зиёд […]


Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли равон ба андозаи 60 млн. $ афзуда, ба санаи 1-уми октябри соли равон 2 млрд. 130,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин миқдор қарзи хориҷӣ аз ҳаҷми муқарраршудаи ниҳоӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи 40% зиёд набуда, феълан ба 29,7-и ММД баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, сар аз соли равон барои хизматгузории қарзи хориҷӣ 83 млн. $ маблағ равона гардидааст, ки 23,7 млн. доллари ИМА-и он ба пардохти фоизҳо рост меояд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон то ҳанӯз Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарз 862 млн. $ ба ин кишвар рост меояд. Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо моҳи июли соли ҷорӣ қарзи Тоҷикистон дар назди Чин ба миқдори 16 млн. дллари ИМА коҳиш ёфт.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 124 млн. $ ва ахири соли 2010 – 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.

Ба таркиби қарзи хориҷии кишвар натанҳо қарзҳои бевоситаи давлат дохил мешаванд, балки қисмати назарраси онро қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидории кишвар низ ташкил медиҳанд, ки қарзҳоро таҳти кафолати давлатӣ ҷалб кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.