Маърӯзаи раиси ҲНИТ дар Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон

Date:


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ фардо, рӯзи сешанбе, дар Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон назди омӯзгорону донишҷӯён ва коршиносону намояндагони ВАО суханронӣ хоҳад кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит хабар дод, дар маърӯзаи худ Муҳиддини Кабирӣ доир ба вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои рушди он ибрози назар хоҳад намуд. «Сафари раиси ҲНИТ ба ИМА бо даъвати Пажӯҳишгоҳи Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон сурат гирифта, то ахири ҳафтаи равон идома меёбад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди раиси ҲНИТ бо ёвари котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва вохӯриҳои ӯ бо донишҷӯёни тоҷики муқими ИМА ва намояндагони диаспораҳои тоҷик дар назар аст.

Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (The George Washington University, GWU)  донишгоҳи таҳқиқотии хусусӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия аст. Донишгоҳ 9-уми феврали соли 1821 бо қарор Сенати ИМА таъсис дода шуда, яке аз бузургтарини мактабҳои олӣ дар пойтахти ИМА ба шумор меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related