Муттаҳидии демократҳои Хатлон ва тақозои даъвати анҷумани ғайринавбатӣ

Date:


Дар маҷлиси Ҳизби демократии Тоҷикистон бо иштироки ду ҷиноҳи ҳизб, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, дар бораи муттаҳидии ду ҷиноҳи ҳизб тасмим гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби демократи вилоят (ҷиноҳи Маҳмадрӯӣ Искандаров) Гулнора Ғозиева иттилоъ дод, дар маҷлис вазъи кунунӣ дар ҳизб, ки «аз он роҳбарони ҳарду ҷиноҳи ҲДТ дар минтақа қаноатманд нестанд», баррасӣ шуд.

Ба қавли ӯ, дар маҷлис дар мавриди муттаҳид намудани ду ҷиноҳи ҳизб (ҷиноҳи Искандаров ва ҳизби расман сабтиномшуда таҳти сарварии Масъуд Собиров) дар Хатлон қарор қабул карда шуд.

Ғозиева мегӯяд, пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ «бо мақсади муттаҳид шудани Ҳизби демократи Тоҷикистон» дар хусуси созмон додани анҷумани ғайринавбатии ҳизб тасмим гирифта шуд.

Ҳамрохон Сафаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷиноҳи М.Собиров, ба ОИ «Азия-Плюс» гуфтаҳои Ғозиеваро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки «солҳои тӯлонист, ки вазъи мавҷуда дар ҳизб ҳамаи демократҳоро нигарон сохтааст». «Чунин вазъ моро водор сохт, ки сари миз гирдиҳам омада, оид ба тақдири минбаъдаи ҲДТ тадбир биандешем», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти раҳбарии феълии Ҳизби демократ ба субот овардани вазъи дохилиҳизбӣ ва муттаҳид сохтани аъзои он муяссар нагардид. «Мо аз фаъолияти Масъуд Собиров ҳамчуни роҳбари ҲДТ қаноатманд нестем ва баҳри ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда дар ҳизб созмон додани анҷумани ғайринавбатиро тақозо дорем», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related