Мактаб барои оянда

Date:


Дар қаламрави Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ фаъолият мекунанд. Дигар олимпиадаҳои байналмилалӣ бе иштироки хонандагони тоҷик намегузаранд. Ҳар сол хонандагони ин литсей аз олимпиадаҳои байналмилалӣ ба ватани худ медалҳоӣ тиллоӣ меоранд. Дар бораи таърихи ташкилшавии литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва сири муваффақиятҳои он ба мо директори генералии он Сабоҳиддин ГЮНАЙ нақл кард.


– Дар оғоз мехостем оид ба та


ърихи таъсиси литсей-интернатҳои муштарак каме маълумот диҳед.

–        Аввалин литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ соли таҳсили 1992-1993 дар асоси протоколи ҳамкорӣ ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти таълимии “Шалола”-и Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Турсунзода таъсис дода шуда буд. Баъди омўзиши фаъолияти таълимии литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ таъсис додани чунин муассисаҳои таълимӣ дар дигар минтақаҳо ба мақсад мувофиқ дониста шуд ва бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994 № 413 дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала гузошта шуд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ таъсис дода шавад.

То имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба таълиму тарбияи фарзандони тоҷик машғул аст.


– Тайи 20 соли фаъолият ин литесйҳоро чанд нафар муҳассилин хатм карданд ва дастпарварони литсейҳо дар куҷо кору таҳсил мекунанд?




Дар тули фаъолият литсейҳои муштаракро 3543 нафар хонандагон хатм кардаанд. Аз ин шумора 1983 нафар хонандагон ба мактабҳои олии Тоҷикистон ва 1552 нафарашон ба мактабҳои кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Амрико, Украина, Қирғизистон, Англия, Чехия, Индонезия, Туркия, Кипр, Малайзия, Полша, Булғория, Корея, Чин, Бразилия, Албания ва ғайраҳо дохил шудаанд.297 нафар хатмкунандагон таҳсилро дар хориҷа ба охир расонида, ба Тоҷикистон баргаштанд ва дар соҳаҳои гуногун кор карда истодаанд. 141 нафар дар Тоҷикистон ё дар кишварҳои хориҷа магистратура ва аз ин теъдод 49 нафарашон дар аспирантура таҳсилро давом дода истодаанд. 877 нафари дигар то имрўз дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати донишҷўй таҳсил доранд.


– Фарқи литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ аз дигар литсею гимназияҳо дар чист?




Аввалан қайд кардан лозим аст, ки литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ мисли дигар муассисаҳои таълимӣ дар асоси нақшаи таълимии тасдиқкардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро пеш мебарад. Фарқ дар он аст, ки таълим дар ин муассисаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи Низомномаи литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ бо ду забон ба роҳ монда шудааст-забони тоҷикӣ ва англисӣ. Фанҳои табиӣ-риёзӣ аз ҷумла биология, физика, химия, алгебра, геометрия, технологияи информатсионӣ ва астраномия мувофиқи стандарти байналмилалӣ (Аврупоӣ) ба забони англисӣ ва фанҳои таърихи Тоҷикистон, таърихи умумӣ, география, забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, технология, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, санъати тасвирӣ ва нақша ба забони тоҷикӣ таълим дода мешаванд. Дар баробари ин забонҳои русӣ ва туркӣ низ мувофиқи нақшаи таълимӣ дар ҳаҷми 2-3 соатӣ омўзонда мешавад.

Бо забони англисӣ омўхтани фанҳои табиӣ-риёзӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки баъди гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ онҳо тавонанд дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ баъди дохил шудан ба забони англисӣ бомуваффақият таҳсил намоянд. Дар литсейҳои муштарак мо ба интизоми таълим ва тарбия аҳамияти хоса медиҳем ва дар назди омўзгорон ва мураббиён дар ин самт ҷиддӣ масъалагузорӣ мешавад.



Дар литсейҳо маблағи таҳсил чи қадарро дар бар мегирад? Ва чӣ имтиёзҳо мавҷуданд?




Дар литсейҳои муштарак таҳсил пулакӣ аст. Аз рўзи таъсиси литсейҳо то соли 1997 таҳсил бепул ба роҳ монда шуда буд. Аз рўзи таъсисёбӣ литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аз тарафи яке аз сарпарастони маорифпарвар шодравон Ҳоҷӣ Камол Эримез пурра сармоягузорӣ мегардид. Баъд аз марги ин шахси маорифпарвар сармоягузории сарпарастони дигар сол ба сол кам гардидан гирифт, лекин қайд кардан зарур аст, ки ҳоло ҳам сарпарастон барои харидории ашёи таълим, таҷҳизотҳои лабараторӣ ва техникаю технологияи муосир сармоягузорӣ менамоянд. Фақат дар панҷ соли охир ба маблағи зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА      аз тарафи спонсорҳо ашёҳои таълим ва ашё барои хобгоҳ харидорӣ гаштааст. Чунки маблағе, ки аз тарафи волидайни хонандагон пардохт мешавад барои хўроки севақтаи хонандагон (барои онҳое,ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд), хўроки яквақта (барои хонандагоне, ки дар хобгоҳ нестанд) ва маоши иловагии омўзгорону кормандони техникии литсейҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ мерасаду халос.

Хонандагоне, дар литсей аз хобгоҳ истифода мебаранд дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва хонандагоне, ки дар хобгоҳ намеистанд дар ҳаҷми 550 сомонӣ дар як моҳ маблағ месупоранд. Дигар ягон хел намуди маблағситонӣ дар ин муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надорад.

Китобҳои дарсие, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда мешаванд онҳо низ аз тарафи литсейҳо харидорӣ гашта, ба фонди китобхонаҳо дохил гардида, бе пул ба хонандагон барои истифода дода мешаванд ва дар охири соли таҳсил аз тарафи хонандагон боз ба китобхона баргардонида мешаванд.

Албатта ин маблағи номбурда аз ҳамаи хонандагон ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намегардад. Дар ҳамаи литсейҳои муштарак ба хонандагон имтиёзҳои гуногун дар пардохти маблағ дода шудааст. Ин хонандагоне, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва хонандагоне, ки дар ҷараёни таҳсил дар литсейҳо ба мушкилиҳои зиндагӣ дучор гаштаанд аз пардохти маблағ аз 10 то 100% озод мегарданд. Ин теъдод хонандагон дар литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ       244 нафарро ташкил медиҳанд.



Шароити таҳсил ва будубоши шогирдон дар литсейҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?




Дар литсей‑интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ барои муҳайё намудани шароити таҳсил ва тафреҳи хонандагон тамоми чораҳо андешида шудаанд. Соли таҳсили 2003‑2004 тамоми биноҳои литсей‑интернатҳои муштараки тоҷикӣ‑туркӣ бо зиёд 3 млн. доллари ИМА, ки аз тарафи спонсорҳои Ҷумҳурии Туркия ҷудо шуда буд, аз таъмири капиталӣ бароварда шуд, дар онҳо системаи гармидиҳии автономӣ, ки бо ангишт кор мекунад, сохта шудааст. Дар фасли зимистон аз ҳисоби литсейҳо аз 90 то 120 т. ангишт захира гашта, бе мушкилӣ фасли зимистонро мегузаронанд. Барои таҳсил мо кўшиш менамоем, ки китобҳои дарсӣ ва айёниятҳо аз ҳамаи фанҳо таъмин бошад. Ҳамаи синфҳои компютерӣ бо теъдоди зарурӣ бо компютерҳо таъмин буда, ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Кабинетҳои методии фанҳо ва синфхонаҳо бо компютер, таҷҳизоти техникӣ ва қисман бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии муштарак маҳфилҳои гуногуни варзишӣ, фаннӣ ва бадеӣ амал мекунанд, ки хонандагон ба онҳо шомил мебошанд. Ҳар сол дар ҷашни Наврўз байни хонандагони шаш литсейи муштарак ва мактаби байналмилалӣ мусобиқаҳои варзишӣ (аз рўи намудҳои волейбол, баскетбол, тениси рўйи миз ва шоҳмот) ва озмунҳои бадеӣ (шеърхонӣ, сурудхонӣ, саъначаҳои бадеӣ) ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва туркӣ гузаронида мешаванд.

Ба тарбияи ватандўстию этникии хонандагон низ аҳамияти калон дода мешавад. Ҷашнҳои рўзи Истиқлолият Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои расмию таърихӣ (ниёгон) дар литсей бо чорабиниҳои тантанавӣ бо иштироки ҳамаи хонандагон гузаронида мешаванд. Оғоз ва хатми ҳафтаи таҳсил бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.





Робитаи литсейҳо бо волидон чӣ гуна аст


?





Яке аз масъалаҳои асосӣ дар литсейҳои муштарак ин кор бо волидон ё дигар сарпарастони хонандагон мебошад. Дар шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва волидайн ишора карда шудааст, ки волидайн вазифадоранд ҳар ҳафта аз аҳволи фарзандони худ ва таҳсил онҳо дар литсей хабардор гарданд. Онҳо метавонанд бо роҳбарони синфи фарзандонашон, бо омўзгорон ва бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вохўрда, аз тамоми паҳлўҳои таълиму тарбияи фарзандашон маълумот гиранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ волидайн расман даъват карда мешаванд ва мавзўи сўҳбат дар журнали махсус қайд карда мешавад. Дар сурати наомадани хонанда ба мактаб баъди дарси якум бо волидайн тамос гирифта шуда, сабаби ба дарс ҳозир нашудани хонанда маълум карда мешавад.

Баъд аз қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба иштироки волидайн дар муассисаҳои таълимӣ маҷлиси умумӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Роҳбарони синф ва мураббиён дар давоми соли таҳсил ҳатман аз шароити зисти хонандагон аз наздик бояд ошно гашта, бо падару модар ҳамсўҳбат шаванд.


– Имрўзҳо баъзеҳо чунин оваозаҳо паҳн мекунанд, ки гўё дар литсейҳо ғояҳои пантуркизмро паҳн мекарда бошанд. Шумо дар ин хусус чӣ ақида доред?




Бале, Шумо дуруст қайд кардед, ин масъала дар матбуот ба назар мерасад. Дар литсейҳи муштараки тоҷикӣ‑туркӣ мунтазам вохўриҳо бо олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, шоирону нависандагон гузаронида мешавад ва бисёр аз намояндагони воситаҳои ахбори омма муҳаррирон, хабарнигорон аз литсейҳо боздид намуда, бо хонандагон, омўзгорон ҳамсўҳбат шудаанду бо шароити таҳсил ва нақшаи таълимии таълимгоҳҳо ошно гаштанд. Ва онҳо боварӣ ҳосил караанд, ки аз он чизе, ки Шумо гуфтед ягон нишоне вуҷуд надорад. Дар литсейҳои муштарак фарзандони табақаҳои гуногуни мардуми Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва агар ташвиқоти пантуркизм заррае вуҷуд медошт дар ин тули фаъолияти литсейҳо ҳатман он маълум мегашт ва эроде гирифта мешуд. Баръакс мо дар назди омўзгороне, ки аз Ҷумҳурии Туркия даъват мекунем вазифа мегузорем, ки дар муддати як сол забони тоҷикиро омўзанд. Барои онҳо аз тарафи омўзгорони забони тоҷикӣ курсҳои омўзиши забони тоҷикӣ ташкил карда мешавад.

Як сухани шодравон Ҳоҷӣ Камол Эримез дар муроҷиат ба хонандагони литсей‑интернатҳои муштараки тоҷикӣ‑туркиро мехоҳам хотиррасон намоям, ки гуфта буданд: “Ман ҳаққи худро ҳамон вақт ба шумоён мебахшам, ки агар шумо баъди хатм соҳиби маълумоти олӣ гашта, мутахассиси хуб шуда, ба Ватани худ содиқона хизмат намоед”. Мо ин гуфтаҳои шодравонро ҳамеша ба хатмкунандагон ёдрас менамоем ва ин суханон гувоҳи онанд, ки мо ба ҷуз аз таълиму тарбияи насли наврас дигар мақсаде надорем.

Мақолаҳое, ки ба ин мазмун дар баъзе расонаҳо аз тарафи хабарнигорон чоп мешаванд, ба мо маълум гаштааст, ки дар кабинетҳои корӣ нишаст навишта мешаванд. Онҳо на ба литсейҳо омадаанд, на бо ягон нафар ҳамсўҳбат шудаанд. Дар баъзе мақолаҳо ҳатто навишта шуда буд, ки гўё таълим дар литсейҳои тоҷикӣ‑туркӣ бо забони туркӣ ба роҳ монда шудааасту таърихи Туркия таълим дода мешавад. Албатта ин мавзўъҳо бештар дар рўзномаҳои хусусӣ ба чашм мехўранд, ки сабабҳои гуногун доранд. Шумо метавонед ҳар вақте, ки хоҳед худатон шоҳид шавед, ки ин гуфтаҳо ва навиштаҳо асос надоранд.

Фикр мекунам баъзе суханҳои ноҷо ва беасос таҳқир ба иззати нафси волидайн ва худи хонандагон аст.





Робитаи дастпарварони литсей бо литсей‑интернатҳо чи гуна аст


?


– Мо аз он ифтихор дорем, ки хатмкардагони литсейҳои муштарак дар биёр мактабҳои олии бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз Тоҷикистон дохил шуда, бомуваффақият таҳсил доранд ё мактабҳои олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ шудаанду ба Ватан баргашта, барои пешрафти кишвари худ хизмат менамоянд.

Албатта, вақте ки хатмкардагон дар вақти таътил ё дигар вақт ба аёдати омўзгорони худ меоянду аз муассисаи таълимии хатмкардаи худ боздид ба амал оварда аз ҳолу аҳволи устодони худ бохабар мегарданд ва барои таълиму тарбияи гирифтаашон изҳори ташаккур менамоянд, сари мо ба осмон мерасад. Ё вақте ки ба унвони литсей аз номи роҳбарияти мактабҳои олии хориҷ аз кишвар барои дониши шогирдони мо номаи ташаккурӣ мерасад мо бениҳоят шод мегардем, ки хонандагони мо номи мактаби тоҷикро дар хориҷ аз Ватан баланд бардоштаанд.

Дар литсейҳо вохўрии хатмкардагон ё донишҷўён бо хонандагон ташкил карда мешавад, ки ин аҳамияти хуби тарбиявӣ дорад.


– Шогирдони литсей‑инатернатҳо ҳамасола дар озмунҳо байналмилалӣ аз ҳама зиёд медал ба даст меоранд. Сирри муваффақиятҳои муҳассилини литсейҳои муштарак дар чист?

– Бале, шогирдони литсейҳои муштараки тоҷикӣ‑туркӣ дар баробари шогирдони дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамасола дар олимпиадаҳою мусобиқаҳои байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, шарафи мактаби тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Дар соли таҳсили 2011-2012 хонандагони литсейҳои муштарак дар олимпиадаҳои фаннию мусобиқаҳои илмии лоиҳавӣ иштирок карда, соҳиби 94 ҷойҳои ифтихорӣ 14 медали тилло, 18 медали нуқра, 62 медали биринҷӣ шуданд. Боиси тазаккур аст, ки аввалин бор хонандагони мо дар олимпиадаи байналмилалии Жаутиков дар Қазоқистон аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионӣ дар байни 45 даста аз 18 мамлакати дунё соҳиби 12 медали тиллою нуқра ва биринҷӣ гашта, баъд аз дастаи Русия сазовори ҷойи дуюм гаштанд. Дар олимпиадаи Менделеевӣ аз фанни химия 4 нафар хонандаи литсейи Ҳоҷӣ Камол иштирок карда, соҳиби як медали тилло ва се медали биринҷӣ гаштанд. Медали тиллое, ки Баротов Улуғбек ба он сазовор гашт, аввалин медали тиллои хонандаи тоҷик дар таърихи ин олимпиадаи бонуфуз буд.

Баротов Улуғбек моҳи июли соли ҷорӣ муваффақияти худро такрор карда, аз Олимпиадаи байналмилалии ҷаҳонӣ аз фанни химия, ки дар Америка баргузор шуд, соҳиби медали тилло гашта, номи мактаби тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин дар таърихи Тоҷикистон аввалин медали тиллои хонандаи тоҷик аз олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.   

Боз ду нафар хонанда- Маъруф Болтабоев ва Ҳомидхоҷа Холиқов дар ҳамин олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ сазовори медали биринҷӣ гаштанд.

Аз фанни физика Атҳамҷон Шукуров дар олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки дар Эстония баргузор шуда буд, соҳиби медали биринҷӣ ва Оқилназарзода Саъдӣ дар Аргентина аз олимпиадаи байналмилалии ҷаҳонӣ аз фанни математика бо медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Як чизро бояд зикр кард, ки вақте ки хонандагон аз литсейҳои муштарак, аз гимназияи “Ҳотам ПВ” аз литсейҳои Президентӣ ва дигар муассисаҳои Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд, онҳо ҳамчун хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешаванд. Аз кадом таълимгоҳ будани онҳо номбар намегардад. Чунки онҳо ҳама фарзандони сарзамини тоҷикон буда, барои баланд бардоштани эътибори мактабу маорифи Тоҷикистон мубориза мебаранд ва мақсади ҳар яки онҳо баланд бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хонандагони литсейҳои тоҷикӣ‑туркӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагон низ ҳар сол бомуваффақият баромад мекунанд. Дар соли таҳсили 2011-2012 хонандагони литсейҳои муштарак аз рўи 10 фан иштирок намуда, соҳиби 34 ҷойҳои ифтихорӣ- 9 медали тилло, 16 медали нуқра, 9 медали биринҷӣ шуданд. Аз ҷумла хонандагони мо ба гирифтани 2 ҷойи аввал аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, 2 ҷойи аввал аз фанни забони русӣ, 2 ҷойи аввал аз фанни химия ва як ҷойи аввал аз фанни ҳуқуқ ва ғайра муваффақ шуданд.

Дар ҷавоби қисмати дуюми саволи Шумо ҳаминро гуфтаниям, ки дар муваффақиятҳои муҳассилини литсейҳои муштарак ягон сирри махфие вуҷуд надорад. Фақат заҳмати содиқонаи омўзгорон зарур аст, ки баъд аз дарсҳо вақти худро дареғ надошта, самимона хонандагонро барои ин ҳама олимпиадаю мусобиқаҳои илмии дохилию байналмилалӣ тайёр мекунанд.





Чунин литсей-интернатҳо боз дар кадом кишварҳо мавҷуданд


?





Чунин литсейҳои муштарак аз тарафи ширкатҳои мухталифи таълимии Туркия дар зиёда аз 140 мамлакати дунё фаъолият менамоянд. Аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ‑ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, дар қафқоз, дар Озарбойҷон, Гурҷистон дар дигар минтақаҳо аз ҷумла, дар Русия, Ироқ, Афғонистон, дар Африқои Ҷанубӣ, Нигерия, Гана дар Австралия, Бразилия ва дигар мамлакатҳо чунин муассисаҳо фаъолият доранд.

Фикр накунед, ки фақат Туркия дар кишварҳои дигар мактаб мекушоянду халос. Албатта дар худи Туркия ҳам бисёр литсейҳои хориҷӣ аз тарафи дигар кишварҳо кушода шудаанд ва фаъолият мекунанд.


– То ҷое, ки ба мушоҳида мерасад, ҳавасмандони таҳсил дар литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ зиёданд. Оё ифтитоҳи ин гуна литсейҳо дар ноҳияҳои водии Рашт ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ) низ дар назар ҳаст?

– Мо ба литсейҳои муштарак мувофиқи талаботи Низомномаи муассисаҳои таълимӣ дар асоси санҷиш қабул мекунем ва онҳое, ки сазовори ҷойҳои арзанда мегарданд, барои таҳсил қабул мегарданд.

Хоҳишмандон албатта зиёданд, лекин мо имконияти аз меъёри муайян, ки вобаста ба ҷойи нишаст бештар қабул карда наметавонем. Ба хотири он, ки мо ба тариқи имтиҳон қабул мекунем, баъзан сарзанишҳо ҳам мефаҳмем, ки хонандагони хубхонро қабул мекунанд ва барои ҳамин хонандагони ин муассисаҳо натиҷаҳои хуб нишон дода метавонанд. Не албатта ин тавр нест. Мо ҳамагӣ дар як сол 500-550 хонанда қабул карда метавонем. Аз ин бештар ҷойи нишаст надорем. Фикр мекунам шумораи хонандагони болаёқат дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба маротиб зиёданд ва на ҳамаи онҳо хоҳиши дар литсейҳои тоҷикӣ‑туркӣ хонданро доранд. Фақат ба онҳо дар мактабҳо бояд бештар таваҷҷўҳ зоҳир намоянд.

Ҳозир ҳар як литсею гимназияҳо бо роҳҳои гуногун хонандагонро аз санҷиш гузаронида, имтиҳон гирифта баъд қабул мекунанд. Ин чиз барои литсей ва гимназияҳо кори маъмулӣ аст. Хонандагони беҳтарро литсею гимназияҳо қабул карда, аз онҳо хонандагони беҳтарин тарбия карда, ба ҳаёти мустақилона роҳнамоӣ карданашон шарт ва зарур аст.

Кушодани литсейҳои муштарак дар минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ихтиёри мо нест. Агар дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф дар назди мо вазифа гузоранд баъд ин масъаларо мо метавонем мавриди омўзиш қарор диҳем. Худи Ҷамъияти таълимии ,,Шалола’’ чунин нақшаро дар назар надорад.





Муаллимони ин литсейҳо аз куҷо таъмин карда мешаванд?

– Аз соли таъсисёбии аввалин литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ фанҳои табии-риёзӣ ба пуррагӣ аз тарафи омўзгороне, ки аз Ҷумҳурии Туркия даъват мешуданду ба забони англисӣ дарс гуфта метавонистанд, таълим дода мешуданд. Ҷамъияти таълимии ,,Шалола’’ барои тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ-хатмкардагони литсейҳои муштарак низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Он хатмкардагоне, ки хоҳиши дар риштаи омўзгорӣ чӣ дар мактабҳои олии дохили Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ аз кишвар таҳсил кардан доранд сарпарастӣ менамояд. Ва имрўз Шумо метавонед бинед, ки дар 6 литсейи муштарак дар баробари омўзгорони хориҷӣ омўзгорони маҳаллӣ бо муваффақият ба забони англисӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дарс мегўянд. Инчунин, аз ҷумлаи хатмкардагон дар литсейҳо омўзгорон аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони англисӣ , забони русӣ, ҳуқуқ ва ғайра дарс медиҳанд. Барои бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон ба касби омўзгорӣ аз тарафи коллективи педагогии литсейҳо дар байни хонандагон корҳои ташвиқотии зиёд бурда мешавад ва ин самараи худро дода истодааст.

Имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар литсейҳои муштарак аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо муваффақият кор карда истодаанд. Аз шаш литсей-интернати муштарак дар сетои он директорони литсейҳо дар шаҳрҳои Турсунзода, Кўлоб ва Хуҷанд аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ таъин шудаанд.

Агар дар солҳои аввали таъсисёбии литсейҳо дар муассисаҳои таълимии муштараки тоҷикӣ-туркӣ омўзгорони маҳалли 35 фоизро ташкил медод, имрўз онҳо 70 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз сабаби он ки ҳоло ҳам кадрҳои педагогии ба забони англисӣ дарс диҳанда ба пуррагӣ дар литсейҳо намерасанд мо аз Ҷумҳурии Туркия дархост карда чунин омўзгоронро даръват мекунем. Ҳозир дар литсейҳои муштарак 289 нафар омўзгор, аз ҷумла 200 нафар омўзгор аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва 89 нафар омўзгорони аз ҳисоби шаҳрвандони Туркия кор мекунанд. Иловатан 72 нафар мураббӣ аз тарафи Тоҷикистон берун аз дарс ба тарбияи хонандагон машғуланд.


– Дар литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ имрўз чанд нафар ба ҷойи кор таъминанд?

– Дар литсей‑интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ имрўз аз кормандони омўзгорӣ то кормандони техникӣ 723 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кор таъминанд.


– Оянда барои пешрафти низоми таълиму тарбия дар литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ чӣ нақшаҳо доред?




Вазифаи асосии ҳар як муассисаи таълимӣ ин таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ таълиму тарбияро вазифаи асосии худ шуморида, дар партави дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, ки ба соҳаи маориф сару кор доранд, кўшиш менамояд, хонандагони хубу босавод тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда чи дар дохили Кишвар ва чи дар хориҷ аз он дорои маълумоти олӣ гашта, барои халқу Ватани худ, барои пешрафти ҷомеа дар Тоҷикистон кору фаъолият намоянд.

Дар суханронии худ дар кушодашавии ,,Мактаби байналмилалии Президентӣ’’ Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як роҳбари муассисаҳои таълимӣ, ҳар як омўзгор вазифа гузоштанд, ки дар баробари таълим пеш аз ҳама ба интизоми хонанда аҳамияти хоса дода шавад. Мо низ кўшиши бештар ба харҷ медиҳем, ки ба хонандагон дар баробари илм омўхтан ба интизоми онҳо, дорои ахлоқи ҳамида будан, эҳтироми расму ойинҳои хуби миллиро аз худ намудан ва дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатии Тоҷикистон тарбия гирифтанашон кору фаъолият намоем.





Дар охир чи гуфтанӣ доред?

– Ман фикр мекунам дар ҷаҳон кам мамлакате ҳаст, ки Сарвари давлати он нисбат ба соҳаи маориф ин қадар таваҷҷўҳ дошта бошанд, чи хеле, ки дар Тоҷикистон мебинем.

Он таваҷҷўҳу ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соҳаи маориф дар Тоҷикистон сол ба сол рушд ёфта ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашта истодааст. Талошу дастгирии бевоситаи Ҷанобӣ ОЛӣ дар алоқамандӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад ва ҳар як корманди соҳаро вазифадор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас кўшиши зиёд ба харҷ диҳад.

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои мўҳтарам Президент мо шоҳиди онем, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, муҳайё кардани шароити таҳсил корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, ки ин самараи худро дода истодааст.

Он муваффақиятҳое, ки хонандагони тоҷик дар Олимпиадаҳою мусобиқаҳои илмии байналмилалӣ ба даст оварда, шарафи мактаби тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ дар баробари дигар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон баланд мебардоранд, шаҳодати он аст.

Таманнои онро дорам, ки ҳар як мактаббачаи тоҷик дорои ахлоқу одоби намунавӣ буда, хуб таҳсил кунаду дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Ахсан ба муаллумони фидокор

    Ман яке аз хатмкунандагони хамин муассусахои таълимй мебошам.Холо дар яке аз донишгоххои бехтарини Туркия,вокеъ дар шахри Истанбул барои химоя намудани унвони аспирантурй хонишамро давом дода истодаам. Дар холи хозир тачрибае, ки дар инчо ба даст овардам умедворам барои пешрафти Ватанам сахмгузор шавам. Аз муаллимоне, ки ба мо дар литсей дониши аълои дар сатхи чахонй омухтаанд, миннатдории худро баён менамоям. Ман ба акидаи бархе аз одамоне, ки гуё ин муаллимон акидаи пантуркизм доранд бовар намекунам. Тули 12 сол шуд ман бо ин муаллимон хамсухбатам, ягон маротиба то хол мушохида накардаам, ки харфе оиди пантуркизм аз забони онхо шунида бошам. Фикр мекунам ин тухматхоро бархе аз одамони бадхох ба миён меоранд, то чехраи покизаи ин даргоххои таълимиро олуда гардонанд.

Leave a Reply to Baha Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...