Ҷавобгарии як сокини Вахш барои маълумоти бардурӯғ дар бораи ҷиноят

Date:


Як сокини ноҳияи Вахш барои дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ дар бораи содир гардидани ҷиноят назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Ба қавли прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷони Юсуфзода, мақомоти прокуратураи ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини маҳаллӣ Абдухолиқ Бӯтаевро ба суд ирсол намудааст.

«Муайян карда шуд, ки моҳи майи соли равон Бӯтаев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқия ирсол намуда, дар он хабар дода буд, ки гӯё ҳамдеҳааш Исмоил Каримов дар барангехтани низои миллӣ даст дорад», – гуфт прокурор.

Ин маълумот аз ҷониби шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифта, бинобар сабаби дар амалҳои Исмоил Каримов ҷой надоштани нишонаҳои ҷиноят, боз кардани парвандаи ҷиноӣ рад карда шуд.

Аммо моҳи август прокуратураи ноҳияи Вахш нисбат ба худи «хабаррасон» мутобиқи моддаи 346, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ дар бораи содир шудани ҷиноят) парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ А.Бӯтаев ба гуноҳи худ иқрор шуда, феълан парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди ноҳияи Вахш фиристода шуд», – афзуд прокурор.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...