Мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Кувайт

Date:


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» аз Озарбойҷон ба Давлати Кувайт рафт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар шаҳри Кувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулваҳҳоб ал-Бадр мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи кувайтӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 11 соли ҳамкорӣ бо сармоягузории ин хазина, ки асосан аз тариқи Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ сурат мегирад, дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ амалӣ гардидаанд.

Зимни суҳбати созанда ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд миёни Тоҷикистон ва Хазинаи Кувайт оид ба рушд робитаҳои мустақим низ ба роҳ монда шаванд. Ба гуфти Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Хазинаи Кувайт оид ба рушд омода аст, ки лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшавандаро мустақиман сармоягузорӣ кунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ қарор кардааст, ки барои дастгирии рушди кишварҳои рӯ ба рушди Осиё 2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунад.

Ба иттилои Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории худ баҳрабардорӣ кунад.

Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд даъвати Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташриф ба Тоҷикистон хуш пазируфта, таъкид дошт, ки дар ояндаи наздик ҳатман сафар карда, ба робитаҳои мустақими дуҷониба оғоз мебахшад.

Дар Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Бештар ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон ва саҳмгузории муштарак дар ин амри муҳим, сурат гирифт.

Масоили вобаста ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар мулоқоти якҷояи сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод баррасӣ шуд.

Сарони се давлати дӯсту ҳамфарҳанг доир ба ҳамгироии судманди миёни кишварҳои худ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби робитаҳои сеҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Бо ёдоварӣ аз лоиҳаҳои сершумори муштарак доир ба рушди инфрасохтори минтақавии нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, нафту газ ва обрасонӣ, сарони се давлат ҳавасмандии устувори худро ба татбиқи амалии онҳо таъкид намуданд.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кувайт бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай низ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Сарони ду давлат зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бори дигар таъкид намуданд, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон дар масири Румӣ – Шерхон Бандар – Қундуз ва тамдиди он ба самтҳои Мазори Шариф – Отамурод, Мазори Шариф – Ҳирот ва лоиҳаҳои бунёди хатти барқии КАСА-1000, гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ ва ғайра.

Бо ишора ба зикр гардидани ин лоиҳаҳо дар Эъломияи Конфронси душанбегии РЕККА-5 изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳеҷ монеае барои татбиқи онҳо нахоҳад буд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла барои ба имзо расондани лоиҳаи созишномаи дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон таъкид намуданд.

Аз ҳамкории босамари миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаҳои амният ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related