Дар Вашингтон вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ёвари котиби давлатии Амрико Роберт Блейк баргузор гардид.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар муулоқот вазъи ҷории Осиёи Марказӣ, равандҳои сиёсии минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, тарафҳо дар бораи озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи ОМ ва роҳҳои пешгирӣ аз рушди ифротгароӣ табодули назар карданд.
Худи ҳамон рӯз дар бинои Департаменти давлатӣ ҷаласаи васеъе бо ширкати Муҳиддин Кабирӣ ва масъулини бахшҳо ва идораҳои сиёсати хориҷии Амрико нисбат ба Осиёи Марказӣ баргузор гашт.
Хотиррасон бояд кард ки сафари роҳбари Ҳизби наҳзат ба Амрико бо даъвати Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтон барои суханронӣ дар ҳузури коршиносон ва устодону донишҷуён сурат мегирад.
Дар назар аст, ки зимни сафар якчанд вохурӣ бо ҳамватанони муқими Амрико, аз ҷумла рӯзи 19 октябр бо тоҷикони муқими Амрико дар Маркази фарҳангии исломии Ню Йорк баргузор шавад.


