Яке аз ширкатҳои сохтмонии Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳили обанбори Қайроққум Маркази муосири солимӣ бунёд мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти ҳукумати шаҳри Қайроққум Рустам Одинаев хабар дод, аввали ҳафтаи равон дар қаламрави Хонаи нави истироҳату фароғати «Сохин» ба сохтмони маркази мазкур ҳусни оғоз бахшида шуд.
Зимни суханронӣ дар маросими оғози сохтмони марказ президенти ширкати «Ал-Шараф»-и АМА Аҳмад Абдулло Алӣ Ал-Шараф изҳор кард, ки сохтмони иншооти мазкур дар муҳлатҳои пешбинишуда ба итмом расида, Маркази солимӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда хоҳад шуд.


