Гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони созмонҳои байнулмилалии молиявӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи иҷлосияи 66-уми Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки чанде қабл дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, ширкат варзид. Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов ва сармушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев намояндагӣ карданд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи иҷлосияи 66-уми Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки чанде қабл дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор шуд, ширкат варзид.

Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов ва сармушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев намояндагӣ карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҳошияи чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон як қатор гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод. Аз ҷумла дидору гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо директори иҷрокунандаи Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Оливйе Декамп, раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд Игор Финогенов, директори иҷрокунанда оид ба таъмини фаъолияти Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС Сергей Шаталов, ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (JICA) Киоши Кодера, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэру, директор оид ба стратегия ва амалиёти минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Питер Кайл, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа, муовини директори иҷрокунандаи Хазинаи байнулмилалии асъор Зу Мин, директори департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмед ва дигарон баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунидҳои дуҷониба ҷараёни амалисозии барномаву лоиҳаҳое, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд ва ҳамчунин дурнамои самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.