Мулоқоти судманди Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт

Дар шаҳри Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ» ва ба иқдоми Амири Давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари […]


Дар шаҳри Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ» ва ба иқдоми Амири Давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои кишварҳои рӯ ба рушди Осиё баҳои баланд дод.

Дар навбати худ, Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт, ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки баъди мулоқоти имрӯза ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, шаби гузашта Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Кувайт ба Душанбе омаданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.