Ифтитоҳи Маркази кӯмаки равонӣ ба аҳолӣ дар пойтахт

Чанде қабл бо иштироки муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов ва роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу дар назди Маркази ҷумҳуриявии клиники бемориҳои рӯҳӣ  воқеъ дар шаҳри Душанбе, ҳуҷраи  кӯмаки фаврии шабонарӯзии таскинӣ ба кор шурӯъ кард. Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин ҳуҷра табибони  бемориҳои равонӣ ба […]


Чанде қабл бо иштироки муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов ва роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу дар назди Маркази ҷумҳуриявии клиники бемориҳои рӯҳӣ  воқеъ дар шаҳри Душанбе, ҳуҷраи  кӯмаки фаврии шабонарӯзии таскинӣ ба кор шурӯъ кард.

Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин ҳуҷра табибони  бемориҳои равонӣ ба таври шабонарӯзӣ ба мӯҳтоҷон кӯмак мерасонанд.  Имрӯз шумораи гирифторони бемориҳои рӯҳӣ дар тамоми  ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳода, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тахмин мекунад, ки дар солҳои 2020-2030 шумораи гирифторони ин беморӣ ба ҷои аввал баромада,  аз бемориҳои дилу раг низ бештар  хоҳад шуд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ шумораи ин беморон наздик ба 44 ҳазор нафар расида, ки ҳар яке ниёз на танҳо ба кӯмаки табибон, балки ба дастгириву ҳамдигарфаҳмии  атрофиён доранд.

Ба иттилои манбаъ, фаъол гаштани чунин як марказе, ки ниёзмандон тавонанд дар ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ ба табибони бемориҳои рӯҳӣ  муроҷиат намудаву саривақт маслиҳат гиранд, метавонад шаҳвандонро аз бисёр пасомадҳои номатлуби рӯҳафтодагӣ боздорад.  Дар  ин ҳуҷра телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 224 14 00,  378 81 77 57 шабонарўзӣ фаъол буда, корафтодагон  метавонанд дар ҳама  вақти зарурӣ тариқи телефон бо мутахассисон дар тамос бошанд.

Дар рӯзҳои наздик ҷалби мутахассисони  равоншинос низ ба ин машваратгоҳ дар назар аст. Маслиҳату машварат дар ин ҷо ба тариқи махфӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.