Роҳбарони ПСС кишварҳои ИДМ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Фардо, 19-уми октябр, дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Русия, Украина, Белорус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд. Интизорӣ меравад, ки […]


Фардо, 19-уми октябр, дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Русия, Украина, Белорус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сухани табрикотӣ иштирокчиёни ҷаласаро хайра мақдам хоҳад гуфт.

Дар ҷаласа аз фаъолияти даҳсолаи Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ натиҷагирӣ шуда, дурнамои рушд ва ҳамчунин тақвияти равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, иштирокчиёни ҷаласа атрофи баргузории чорабиниҳои муштарак, аз қабили намоишгоҳу ярмаркаҳо дар соли 2013 таҳти сарпарастии Шӯро табодули назар хоҳанд кард. Дар чаҳорчӯби ҷаласа намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои пешсафи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ ахири моҳи декабри соли 2002 дар Маскав таъсис дода шуд. Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар қаламрави ИДМ, табодули маълумоту таҷриба дар бахши иқтисод ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии фаъолияти Шӯро маҳсуб меёбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.