Сафари раиси ширкати «Барқи тоҷик» ба Минск

Субҳи имрӯз раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии ширкат Рустам Раҳимов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои электроэнергетикии кишварҳои узви ИДМ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск сафар намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур баррасии масъалаи омодагии низомҳои миллии энергетикии […]


Субҳи имрӯз раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва сардори Раёсати робитаҳои байнулмилалии ширкат Рустам Раҳимов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои электроэнергетикии кишварҳои узви ИДМ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск сафар намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур баррасии масъалаи омодагии низомҳои миллии энергетикии кишварҳои Иттиҳод ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби ҷаласа Абдулло Ёров бо роҳбарони ниҳодҳои энергетикии як қатор кишварҳои узви ИДМ гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки вазири энергетикаи Русия Александр Новак президенти Шӯрои электроэнергетикии кишварҳои узви ИДМ мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.