Ифтитоҳи Маркази кӯмаки равонӣ ба аҳолӣ дар пойтахт

Date:


Чанде қабл бо иштироки муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов ва роҳбари Дафтари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу дар назди Маркази ҷумҳуриявии клиники бемориҳои рӯҳӣ  воқеъ дар шаҳри Душанбе, ҳуҷраи  кӯмаки фаврии шабонарӯзии таскинӣ ба кор шурӯъ кард.

Тавре аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин ҳуҷра табибони  бемориҳои равонӣ ба таври шабонарӯзӣ ба мӯҳтоҷон кӯмак мерасонанд.  Имрӯз шумораи гирифторони бемориҳои рӯҳӣ дар тамоми  ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳода, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тахмин мекунад, ки дар солҳои 2020-2030 шумораи гирифторони ин беморӣ ба ҷои аввал баромада,  аз бемориҳои дилу раг низ бештар  хоҳад шуд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ шумораи ин беморон наздик ба 44 ҳазор нафар расида, ки ҳар яке ниёз на танҳо ба кӯмаки табибон, балки ба дастгириву ҳамдигарфаҳмии  атрофиён доранд.

Ба иттилои манбаъ, фаъол гаштани чунин як марказе, ки ниёзмандон тавонанд дар ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ ба табибони бемориҳои рӯҳӣ  муроҷиат намудаву саривақт маслиҳат гиранд, метавонад шаҳвандонро аз бисёр пасомадҳои номатлуби рӯҳафтодагӣ боздорад.  Дар  ин ҳуҷра телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 224 14 00,  378 81 77 57 шабонарўзӣ фаъол буда, корафтодагон  метавонанд дар ҳама  вақти зарурӣ тариқи телефон бо мутахассисон дар тамос бошанд.

Дар рӯзҳои наздик ҷалби мутахассисони  равоншинос низ ба ин машваратгоҳ дар назар аст. Маслиҳату машварат дар ин ҷо ба тариқи махфӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...