Мусодираи беш аз 71 кило маводи мухаддир тӯли як шабонарӯз

Date:


Дар натиҷаи ду амалиёти муваффақонаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки тӯли як шабонарӯз беш аз 71 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонуниии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ Сулаймон Талабови 25-сола боздошт шуд.

«Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 1 килою 852 грамм маводи нашъадори «ҳашиш», 23 килою 404 грамм маводи нашъадори «афюн», 41 килою 390 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД,

Ба иттилои манбаъ, амалиёти дуюм дар қаламрави шаҳри Кӯлоб доир гардида, дар инҷо ба гумони машғул будан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 41-солаи шаҳр Нуралӣ Акобиров боздошт ва ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1-адад селофани дорои 4 килою 598 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудаст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...