Шикояти маҳбусон аз пурзӯр шудани реҷа пас аз марги Ҳ.Икромзода

Date:


Маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе аз маҳдуд шудани ҳуқуқ ва пурзӯр шудани реҷа пас аз марги Ҳамза Икромзода шикоят доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон як маҳбуси ин муассиса бо номи Алишер хабар дод, аллакай се маротиба аст, ки ба ӯ ва чанде аз маҳбусони дигар бидуни сабабе ба дидор бо наздиконашон иҷозат намедиҳанд. «Наздикони ман маблағ ҷамъ оварда, маҳсулот мехаранд ва  аз ноҳия барои дидор бо ман меоянд, вале ноумед шуда мераванд», – изҳор кард вай ва таъкид дошт, ки нозирони зиндон талаботи қонун ва ҳуқуқҳои маҳбусонро нодида мегиранд.

«Касоне, ки ба марги Ҳамза Икромзода боис гардиданд, оромона ба корашон идома медиҳанд. Куҷост адолат?», – идома дод Алишер.

Ба қавли ӯ, шароити будубош дар муассиса на он қадр мусоид аст. «Хӯроки нисфирӯзӣ бо гӯшти бӯйгирифтае тайёр шуда буд, ки аз он иштиҳои кас мегардад», – гуфт маҳкумшуда.

Маҳбус ҳамчунин иброз дошт, ки мақомоти раҳбарии муассиса баъзан барои рӯзноманигорон ва намоянлдагони ҷомеаи шаҳрвандӣ боздидҳои намоишӣ ташкил намуда, қабл аз боздид омодагӣ мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳама чизро дар ҳолати хуб нишон диҳанд. «Қабл аз омадани онҳо моро огоҳ месозанд, ки аз чизе шикоят накунем. Дарвоқеъ бошад, вазъи инҷоро танҳо Худо медонад», – таъкид кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба ин масъала аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки чунин изҳороти маҳкумшудагон бепояанд. «Агар ба маҳкумшуда дидор бо наздиконашро иҷозат надиҳанд, пас барои ин асосе мавҷуд аст, шояд муҳлати дидор нарасида бошад. Агар ба маҳкумшуда дар ин моҳ барои дидори кӯтоҳмуҳлат як бор иҷозат дода шуда бошаду дар бино барои дидор бо наздикон ҷойи холӣ набошад, пас дар ин сурат ҳам ба дидор иҷозат дода намешавад», – гуфтанд дар сарраёсати мазкур.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...