Гузориши Poyry дар бораи нерӯгоҳи «Роғун»

– Ҳаҷми обанбори нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» он қадре назаррас нахоҳад буд, ки воқеан ҳатто ба иқлим дар сатҳи маҳаллӣ таъсиррасон бошад, – гуфта мешавад дар Гузориши муқаддамотии таъсироти экологӣ ва иҷтимоии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки аз ҷониби мутахассисони ширкати швейтсарии Poyry омода гардида, дар сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ интишор шудааст. Дар гузориш масъалаи таъсири садд […]


– Ҳаҷми обанбори нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» он қадре назаррас нахоҳад буд, ки воқеан ҳатто ба иқлим дар сатҳи маҳаллӣ таъсиррасон бошад, – гуфта мешавад дар Гузориши муқаддамотии таъсироти экологӣ ва иҷтимоии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки аз ҷониби мутахассисони ширкати швейтсарии Poyry омода гардида, дар сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ интишор шудааст.

Дар гузориш масъалаи таъсири садд ба сатҳи маҷрои об ба кишварҳои поёноб муҳим арзёбӣ шуда, зикр мегардад, ки ин паҳлӯи масъала таҳлили дақиқтареро тақозо мекунад. Дар робита ба хушкшавии баҳри Арал гуфта мешавад, истифодаи ҷории об дар Тоҷикистон ба баҳри Арал таъсири назаррасе надорад ва оби ба канали Қароқум мерехта то ба баҳри Арал нарасида, як қисматаш барои обёрӣ ва қисмати боқимонда ба баҳри Каспий мерезад. «Ғайр аз ин, обе, ки дар қаламрави Ӯзбекистон барои обёрӣ истифода мегардад, хеле назаррас буда, ба дарё бознамегардад», – зикр мегардад дар гузориш.

Гуфта мешавад, дар ҳолати бунёди ин нерӯгоҳ, олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои атроф осеб нахоҳанд дид ва ёдгориҳои таърихӣ дар ин қаламрав мавҷуд набуда, қалъаҳои хурд то ин замон рӯ ба харобӣ овардаанд.

Дар масъалаи кӯчонибани аҳолӣ аз майдони обанбори нерӯгоҳ зикр мегардад, ки он 30 сол қабл оғоз гардида, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, айни замон пурра идома дорад.

Дар робита ба масъалаи таъсирот  ба муҳити зист, солимии аҳолӣ ва хатари пайдо шудани эрозияву ярчҳо дар минтақа гуфта мешавад, баҳри коҳиши сатҳи ин хатарҳо як қатор тадбирҳо пешниҳод хоҳанд гардид.

Дар ҷаласаи дуюм оид ба табодули андеша ва баррасии масоили марбут ба таҳқиқоти тарҳи нерӯгоҳи «Роғун», ки рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Алмаато доир мегардад, баррасии гузориши мазкур дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки намояндагони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки рӯзҳои 17-18-уми майи соли 2011 дар Алмаато дар ҷаласаи нахустин оид ба табодули андеша ва баррасии масоили марбут ба таҳқиқоти тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ширкат варзида буданд, имкони баррасии ошкоро ва асосноки тарҳи ин нерӯгоҳ дар сатҳи минтақавиро дастгирӣ намуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.