Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шоҳигарии Таиланд

Субҳи имрӯз дар Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла дар заминаи санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар имзошуда, баррасӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла дар заминаи санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар имзошуда, баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории гуногунсоҳаи дуҷониба таъсис дода шавад.

Аз сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.