Интиқоли чархаи нави кории нерӯгоҳи «Норак» аз Харков ба Душанбе

Субҳи имрӯз чархаи нави кории нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» тавассути ҳавопаймои Ан-225» аз шаҳри Харкови Украина ба Душанбе оварда шуд. Ин чарха барои таҷдиди агрегати ҳаштуми нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, қимати чархаи мазкур 4 млн. $ ва арзиши хизматгузории интиқоли он тавассути ҳавопаймо ҳудуди 880 ҳазор доллари […]


Субҳи имрӯз чархаи нави кории нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» тавассути ҳавопаймои Ан-225» аз шаҳри Харкови Украина ба Душанбе оварда шуд. Ин чарха барои таҷдиди агрегати ҳаштуми нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, қимати чархаи мазкур 4 млн. $ ва арзиши хизматгузории интиқоли он тавассути ҳавопаймо ҳудуди 880 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, чархаи кории нав ва дигар таҷҳизоти аз шаҳри Харков интиқолёфта фардо ба шаҳри Норак фиристода мешаванд.

Зикр гардид, ки пас аз насби чархаи нав иқтидори агрегати ҳаштуми нерӯгоҳ ба миқдори 10 МВт афзуда, 355 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки ин чархаи кории сеюмест, ки баҳри таҷдиди нерӯгоҳи «Норак» тайи чор соли ахир аз Харков оварда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.