Муолиҷаи Барзу Абдураззоқов дар яке аз дармонгоҳҳои Маскав

Date:


Коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов барои муоина ва табобат дар шаҳри Маскав қарор дорад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки ӯ айни замон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» қарор дошта, дар Пажуҳишгоҳи бемориҳои чашми ба номи Гелмголтси шаҳри Маскав чашмонашро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. «Бинобар сабаби мушоҳида нагардидани беҳбудӣ дар муолиҷаи чашмони ман, табибони тоҷик тавсия доданд, ки ба мутахассисони рус муроҷиат намоям», – гуфт ӯ.

Қаблан Барзу Абдураззоқов хабар дода буд, ки бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд.

«Ҳангоми сабз будани чароғаки светофор ман аз роҳгузари назди бинои телевизони «Сафина» мегузаштам, ки ин дам ба ман автомашинаи «ба тӯй саросема» бархӯрд. Ман ба оинаи пеши автомашина бархӯрда, якчанд метр ба қафо партофта шудам. Моликони мошин маро ба беморхона бурданд», – гуфта буд вай.

Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.

«Агар ман аз чашмонам маҳрум шавам, ин фоҷеа хоҳад буд, зеро ман дигар барои пешбурди рӯзгор коре ҳам карда наметавонаму муфид ҳам нахоҳам буд», – иброз дошт коргардон.

Як тоҷире, ки нахостааст номаш ифшо гардад, хароҷоти сафари Маскав ва муолиҷаи коргардон дар Маскавро маблағгузорӣ намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...