Шикасти дастаи занонаи футболи кишвар аз тими Эрон

Дар вохӯрии нахусти даври аввали мусобиқоти интихобии Чемпионати Оcиё миёни занон (U-19) дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз тими мунтахаби Эрон бо ҳисоби калони 2 бар 12 шикаст хӯрд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қувваозмоии дирӯза голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Меҳрангез Шарифзода ва Лайло Ҳалимова вориди дастаи Эрон кардаанд. Дар вохӯриҳои дуюми гурӯҳи «В», […]


Дар вохӯрии нахусти даври аввали мусобиқоти интихобии Чемпионати Оcиё миёни занон (U-19) дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз тими мунтахаби Эрон бо ҳисоби калони 2 бар 12 шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қувваозмоии дирӯза голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Меҳрангез Шарифзода ва Лайло Ҳалимова вориди дастаи Эрон кардаанд.

Дар вохӯриҳои дуюми гурӯҳи «В», ки 20-уми октябр доир мегардад, тарбиятгиранлдагони сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов бо дастаи мизбон – тими мунтахаби Урдун ва рӯзи 22-юми октябр бо дастаи Фаластин қувваозмоӣ мекунанд.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ, ки аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон  дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.