Як гурӯҳи кормандони АНМН ба минтақаи ҷанубу шарқ фиристода шуданд

Дар доираи амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Кӯкнор-2012» як гурӯҳи иборат аз 30-нафараи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба минтақаи ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии мазкур Бунафша Одинаева хабар дод, дар ин минтақа дар баробари корҳои фаврӣ чорабиниҳои огоҳ сохтани аҳолӣ аз таъсири […]


Дар доираи амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Кӯкнор-2012» як гурӯҳи иборат аз 30-нафараи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба минтақаи ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентии мазкур Бунафша Одинаева хабар дод, дар ин минтақа дар баробари корҳои фаврӣ чорабиниҳои огоҳ сохтани аҳолӣ аз таъсири номатлуби маводи мухаддир ва таблиғи тарзи ҳаёти солим низ сурат мегиранд.

Ба қавли вай, бо мақсади ноил гардидан ба фаъолияти пурсамари ҳукуматҳои шаҳру навоҳии минтақа зимни кор бо аҳолӣ ва бахусус наврасону ҷавонон дар ин самт, ҷаласаҳои Шӯроҳои маҳаллии ҳамоҳангсоз оид ба суистеъмоли маводи нашъаовар низ доир мегарданд.

«Дар семоҳаи чоруми соли равон баргузор намудани ба ин монанд чорабиниҳо дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд низ дар назар аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» моҳи июни соли равон оғоз гардида, то ахири моҳи ноябр идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.