Муолиҷаи Барзу Абдураззоқов дар яке аз дармонгоҳҳои Маскав

Коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов барои муоина ва табобат дар шаҳри Маскав қарор дорад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки ӯ айни замон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» қарор дошта, дар Пажуҳишгоҳи бемориҳои чашми ба номи Гелмголтси шаҳри Маскав чашмонашро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. «Бинобар сабаби мушоҳида нагардидани беҳбудӣ дар […]

Темур Варқӣ


Коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов барои муоина ва табобат дар шаҳри Маскав қарор дорад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки ӯ айни замон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» қарор дошта, дар Пажуҳишгоҳи бемориҳои чашми ба номи Гелмголтси шаҳри Маскав чашмонашро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. «Бинобар сабаби мушоҳида нагардидани беҳбудӣ дар муолиҷаи чашмони ман, табибони тоҷик тавсия доданд, ки ба мутахассисони рус муроҷиат намоям», – гуфт ӯ.

Қаблан Барзу Абдураззоқов хабар дода буд, ки бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд.

«Ҳангоми сабз будани чароғаки светофор ман аз роҳгузари назди бинои телевизони «Сафина» мегузаштам, ки ин дам ба ман автомашинаи «ба тӯй саросема» бархӯрд. Ман ба оинаи пеши автомашина бархӯрда, якчанд метр ба қафо партофта шудам. Моликони мошин маро ба беморхона бурданд», – гуфта буд вай.

Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.

«Агар ман аз чашмонам маҳрум шавам, ин фоҷеа хоҳад буд, зеро ман дигар барои пешбурди рӯзгор коре ҳам карда наметавонаму муфид ҳам нахоҳам буд», – иброз дошт коргардон.

Як тоҷире, ки нахостааст номаш ифшо гардад, хароҷоти сафари Маскав ва муолиҷаи коргардон дар Маскавро маблағгузорӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.