Тоҷикистон дар Универсиадаи Қазон иштирок мекунад

Date:


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён – Универсиада-2013-и Қазон ширкат хоҳанд варзид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Универсиадаи Қазон, то имрӯз 60 кишвари ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон иштироки дастаашон дар Универсиадаро тасдиқ кардаанд.

Дар робита ба ин масъала сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Наргис Набиева изҳор кард, ки расо як сол қабл аз оғози бозиҳо – санаи 6-уми июл даъвати иштирок дар Универсиада-2013 ба кумита расидааст.

«Иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар ин бозиҳо ба нақшаи тақвимии кумита дохил шуда, вале ба масъалаи фиристодани варзишгарон ба Қазон федератсияҳо мустақилона машғул мешаванд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Набиева, то имрӯз танҳо Федератсияи гӯштини камарбанди ҷумҳурӣ иштироки намояндагонаш дар ин бозиҳоро тасдиқ намуда, иштирокчиёни дигар аз кишвар баъдтар маълум хоҳанд шуд.

Бино ба пешгӯиҳои созмондиҳандагони ин бозиҳо, дар мусобиқоти Универсиада-2013-и Қазон аз иштироки ҳудуди 13 ҳазор варзишгарон аз зиёда аз 170 кишвари дунё интизорӣ меравад. Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён дар Қазон аз 6 то 17-уми июл доир гардида, қувваозмоиҳо аз рӯи 27 навъи варзиш сурат мегиранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...