Боздиди сафирони аврупоӣ аз Хоруғ

Пагоҳ боздиди сафирони Бритониёи Кабир, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ба анҷом мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Ҷерами Робин Орд-Смит, Дорис Хертрампф ва Эдуард Ауэр бо мақсади шиносии наздик бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа пас аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ […]


Пагоҳ боздиди сафирони Бритониёи Кабир, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ба анҷом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Ҷерами Робин Орд-Смит, Дорис Хертрампф ва Эдуард Ауэр бо мақсади шиносии наздик бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа пас аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ дар Бадахшон қарор доранд.

«Ғайр аз ин, дар ҷараёни сафар дипломатҳои аврупоӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ масоили амалисозии лоиҳаҳои нав дар Бадахшонро баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ ҳукууматдорон ба дипломатҳои хориҷӣ тавсия дода буданд, ки аз сафар ба Бадахшон муваққатан худдорӣ варзанд, вале нимаи моҳи октябр эъон гардид, ки акнун сафар ба ин минтақа бехатар аст.

Ёдрас мекунем, ки 24-уми июли соли равон дар ВМКБ амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ оид ба нест кардани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар куштори сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон генерал А.Назаров даст доштанд, оғоз гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти мазкур 13 нафар кормандони макомоти қудратӣ ва 30 тан ҷангиёни ҷинояткор ҳалок шуда, боз 40 нафар ҷангиён боздошт гардиданд. Пас аз амалиёт ҷараёни таслими силоҳ оғоз гардида, аз аҳолӣ ба миқдори зиёд аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шуд.

Пас аз як моҳ, 22-юми август бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Имомназар Имомназаров дар манзили зисташ кушта шуд. Айни замон ду нафар қумондонҳои саҳроӣ – Толиб Айёмбеков ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров таҳти шарти тарк накардани маҳалли зист қарор доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.