Ҳунармандони Театри давлатии мусиқиву драмаи ба номи Меҳрубон Назаров дар Фестивали IV-уми байнулмилалии театри кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато ширкат меварзанд. Дар ин чорабинӣ театр спектакли «Ишқи парӣ» аз рӯйи асари ҳамноми Тоҳир Маҳмадризоевро намоиш медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи пйеса ва сармутахассиси Раёсати ҳунари Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Тоҳир Маҳмадризоев хабар дод, ин сафари нахустини театр ба ҷашнвораи байнулмилалӣ тайи 20 соли ахир буда, барои сафар вазорат ва ҳукумати ВМКБ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Ба қавли ӯ, ҳунарнамоии актёрони тоҷик дар Алмаато санаи 24 уми октябр дар назар буда, дар фестивал ҳамчунин театрҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд. «Ман шахсан спектаклро дар иҷрои ҳунармандони театри Хоруғ тамошо карда, заҳмати коргардон Умед Хусравовро қаноатбахш арзёбӣ менамоям», – гуфт муаллифи пйеса.
Номбурда зикр кард, ки фестивал то 27-уми октябр идома ёфта, дар он театрҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беҳтарин спектаклҳои худро дар тӯли се соли ахир ба маърази тамошо мегузоранд.



