Арзёбии имконоти МОИ дар рушди вилояти Хатлон

Рӯзҳои 23-25-уми октябри соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони «Имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон» ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ доир мегардад. Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҳамчунин маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» […]


Рӯзҳои 23-25-уми октябри соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони «Имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон» ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ доир мегардад.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҳамчунин маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» созмон дода мешавад.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони чорабинӣ, баҳри иштирок ба кори ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ даъвт шудаанд.

Огоҳ кардани сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмиву тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ, сармоягузорони хориҷӣ аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва афзалиятҳои он аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии ҳамоиш маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни кори ҳамоиш баррасии масоили ҳамоҳангсозии ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ташкилотҳои байнулмилалии марбут ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорон ва тақвияти ҳамкорӣ миёни сармоягузорон ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар назар буда, ҷиҳати такмили фаъолияти минтақаҳо пешниҳодоти нав таҳия хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.