Арзёбии имконоти МОИ дар рушди вилояти Хатлон

Дата:


Рӯзҳои 23-25-уми октябри соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони «Имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон» ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ доир мегардад.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҳамчунин маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» созмон дода мешавад.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони чорабинӣ, баҳри иштирок ба кори ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ даъвт шудаанд.

Огоҳ кардани сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмиву тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ, сармоягузорони хориҷӣ аз фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва афзалиятҳои он аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии ҳамоиш маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни кори ҳамоиш баррасии масоили ҳамоҳангсозии ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ташкилотҳои байнулмилалии марбут ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорон ва тақвияти ҳамкорӣ миёни сармоягузорон ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар назар буда, ҷиҳати такмили фаъолияти минтақаҳо пешниҳодоти нав таҳия хоҳанд шуд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное