Гурӯҳи тафтишотӣ парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 5 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба суди ҳарбии гарнизони Хатлон ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа Сафаралӣ Мардонов хабар дод, гурӯҳи тафтишотӣ нисбати панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2610-и нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ айбнома пешниҳод намудааст.
Аз ҷумла тафтишот капитан Мирзомиддин Яъқубов, сардори псогоҳи №1 «Вахш»-и қисми низомии 2610, нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ-ро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 335, қ. 1 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии ҶТ), 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир), 289, қ. 3 (Қочоқ), 195, қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳаи оташфишон), 388, қ. 2 (Барбод додан ё гум кардани молу мулки ҳарбӣ), 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) ва 393, қ. 3 (Дуздии аслиҳаи оташфишон) айбдор мекунад.
Майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиёти қисми низомӣ мувофиқи моддаи 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 347, қ. 2 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) муттаҳам дониста мешавад. Чунин айбнома ба афсари қисми низомии 2610 лейтенанти калон Алишер Сӯфиев низ пешниҳод шудааст.
Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори посгоҳи марзии № 3-и қисми низомии мазкур ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа, хабар надодан дар бораи ҷиноят ва суистеъмол аз вазифаи хидматӣ айбдор карда мешавад.
Сарбози қаторӣ Ҷонибеки Нуралӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) муттаҳам дониста мешавад.
Ба қавли муфаттиш, 17-уми майи соли равон капитан Мирзомуддин Яъқубов бо 20 кило маводи мухаддири ҳашиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ шарикони ҷиноят низ муайян карда шуданд», – гуфт ӯ.


